СӮХТОР АЗ БЕЭҲТИЁТӢ

20.07.2019 тахминан соати 10.20-дақиқа дар оғилхонаи ҳавлии шаҳрванд Ҷабборов Абдуғаффор 1950 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Пули Сангин, маҳаллаи Қибил, кӯчаи Зебунисо х.22, шаҳри Норак дар масоҳати 63-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи сӯхтор 550-кг хӯроки дурушти чорво сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 7070-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор беназорат гузоштани хокистари хомӯшношуда мебошад.
Комментарии (0)