ФСБ МАСҶИДИ ТОҶИКҲОРО ДАР ЯКУТСК БАСТ ВА 20 НАФАРРО ДАСТГИР КАРД

Kормандони раёсати ФСБ-и ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия дар ҷараёни як амалиёт дар як намозхонаи бидуни сабти ном дар кӯчаи Калвитси шаҳри Якутск 20 нафарро дастгир карданд. ФСБ яке аз зодагони Тоҷикистонро ба ташкили масҷиди ғайриқонунӣ ва ҷалби 20 ҳамватанаш ба ин масҷид айбдор мекунад ва бар ин назар аст, ки имоми тоҷик ба намозгузорон дар кӯчаи Калвитс ақидаҳои ифротиро таблиғ мекард. Ҳамаи боздоштшудаҳо ҳамдеҳагони имоми ин масҷид будаанд. Ду нафар аз боздоштшудаҳоро алакай аз Русия ихроҷ ва барои 5 сол аз ҳаққи вуруд манъ кардаанд.
Хабаргузории маҳаллии YakutiaMedia бо такя ба иттилоияи расмии раёсати ФСБ ҷумҳурии Саха (Ёқутистон, Якутия) хабар дод, ки ин ниҳоди амниятӣ як зодаи Тоҷикистонро ба ташкили масҷиди ғайриқонунӣ ва таблиғи ақидаҳои ифротӣ муттаҳам мекунад.
Дар иттилоияи ФСБ аз ҷумла чунин гуфта мешавад: «Дар як манзил дар як хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Калвитси шаҳри Якутск ин нафар фаъолияти намозхонаи ғайриқонуниро ба роҳ монда, дар онҷо ба таври доимӣ ҷамъомадҳои пайравони идеология тундрави исломӣ доир карда мешуд. Дар ҷараёни чунин ҷамъомадҳо маводи мамнӯи мазҳабӣ таблиғ гардида, аз ҳисоби сокинони ҷумҳурӣ аъзои нав ба сафи ин ҷамъияти ифротӣ ҷалб карда мешуд».
Дар ҷараёни амалиёти ФСБ дар кӯчаи Калвитс 20 нафар хориҷӣ дастгир шудаанд. ФСБ мегӯяд, ки ҳамаи онҳо ҳамватанони имом, яъне ҳама аз як деҳаи Тоҷикистон будаанд: «Нисбат ба боздоштшудаҳо таҳияи асноди марбут ба фаъолияти ғайриқонуниашон идома дорад. Ду хориҷиро алакай аз қаламрави Русия ихроҷ карда ва барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд».
Дар маҷмӯъ дар он хона дар кӯчаи Калвитс, 5 ҳудуди 30 нафар зиндагӣ мекарданд ва дар умум дар ин манзил 40 муҳоҷир сабти ном шуда буд. «Соҳибони манзил аз асли ҳодиса ва дар кадом ҳолат қарор доштани хонаашон хабар доштанд. Вале бо ин вуҷуд, ҳирси ба даст овардани фоида, ба ташкили як созмони самташ ифротии мазҳабӣ мусоидат кард», - гуфта мешавад дар анҷоми иттилоияи раёсати ФСБ ҷумҳурии Саха (Ёқутистон).
Дар ин авохир ин алакай сеюмин гузориш дар бораи ошкор шудани созмонҳои мазҳабии муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия аст.
Дар аввали моҳи июл додситонии ноҳияи Сизрани вилояти Самара як гуруҳи мазҳабӣ бо номи "Точик Оила”-ро расман алайҳи анҷом додани фаъолиятҳои террористӣ анҷом дода буд. Аъзои ин гуруҳ, ки роҳбараш як зодаи Тоҷикистон будааст, дар як манзил дар деҳаи Ивашевка ҷамъ мешуданд, 15 нафар бо иттиҳоми узвият дар «Тоҷик Оила» рӯзи 31 май, дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон дар ҷараёни як амалиёти муштараки ФСБ ва Росгвардия (ОМОН) дар Ивашевка дастгир шуданд.Додситонӣ гуфт, ин созмон қабл аз оғози фаъолият бояд худро расман дар ниҳодҳои маҳаллии вазорати адлияи Русия сабти ном мекард.
Деҳаи Ивашевка дар 24-километрии Сизран ва тақрибан 200-километрии шаҳри Самара ҷойгир шудааст. Дар ин деҳа даҳҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ кору зиндагӣ мекунанд.
Як ҳафта пеш – рӯзи 12 июл кормандони маркази «Э» (маркази мубориза бо терроризм)-и пулисишаҳри Санкт-Петербурги Русия дар ҷараёни як рейд дар яке аз хонаҳои иҷора дар хиёбониВознесенский мадрасаи ғайриқонуниеро ошкор кардаанд. Видеои ин амалиёти пулисро пойгоҳихабарии «Фонтанка» нашр кард. Дар видео асосан китобҳо бо забонҳои русӣ ва туркӣ, ки бар асоси онба толибилмон дарси дини Ислом меомӯхтанд, дида мешаванд ва ҳам ҷои хоби онҳо, ки катҳоидуқабата доштанд. Гуфта мешавад, дар ин мадраса4 мударрис аз Тоҷикистон ба 19 кӯдаки аз 6 то 12-сола асосҳои дини Исломро таълим медоданд.
Комментарии (0)