Муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳолатҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 41-солаи сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2018 дар ҳудуди маҳаллаи Ховарон марди 48-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6000-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз ҳудуди маҳаллаи Ховарон қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 34-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт муроҷиат намудааст, ки 30-юми декабри соли 2016, марди 44-солаи сокини кӯчаи А.Навоӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 40000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ марди 23-солаи сокини кӯчаи Хуҷандии шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми майи соли 2018 дар назди мағозаи “Ганҷина”-и пойтахт марди 34-солаи сокини ноҳияи Данғара, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 47000-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди маҳаллаи Гипрозем манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)