Додситони кул задухӯрд дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷандро тасдиқ кард
Манбаъҳои Радиои Озодӣ қаблан хабар дода буданд, ки рӯзи 31-уми январи имсол дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд камаш се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд.
Ҳабибулло Воҳизода, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 13 феврал зимни нишасти хабарӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, З нафар маҳкумшудагон бо иттиҳоми экстремизм ва терроризм, ки аз 12 сол боло ҳукм гирифта буданд, барои ба зиндон интиқол додан дар тавқифгоҳ қарор доштанд.
Ба гуфтаи Воҳидзода, онҳо ба кормандони боздоштгоҳ ҳуҷум карда, ҳатто як маҳкумшударо низ латукӯб карданд ва баъди ба амри кормандони муассиса итоат накардан, «безарар» гардонида шуданд. Мақомот дар Тоҷикистон ин ибораро бештар ба ҷойи куштан ё маҳв кардан истифода мебаранд.
Додситони кул ҳамзамон кушта шудани кормандони боздоштгоҳро рад кард, вале захмӣ шудани онҳоро тасдиқ намуд. Ӯ дар бораи шахсияти кушташудаҳо ва кормандони захмишудаи боздоштгоҳ маълумоте надод.
Як манбаи наздик ба Идораи тандурустӣ дар вилояти Суғд дар рӯзҳои пас аз ҳодиса бо шарти фош нашудани ному мақомаш гуфта буд, «аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмиро оварданд.»
Дар ҳоли ҳозир Додситонии кул дар пайванд ба ин ҳодиса бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.
Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 «аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон» мушкили ҷиддӣ номид.
Дар солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат (2018, 2019 ва 2025) чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 кас кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ошӯбро кори дасти ифротгароёни исломӣ донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)