Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
Зимни мулоқот Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Вазири савдои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доктор Сонӣ бин Аҳмад Аз-Зуюдӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратӣ байни ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон ба афзоиши гардиши савдои мутақобил, рушди савдои рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати коркард, логистика, авиатсия ва хизматрасониҳои рақамӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва татбиқи иқдоми амалӣ барои рушди устувори ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)