“Мехостаанд муноқиша кунанд”. Пулиси Душанбе аз боздошти гурӯҳи ноболиғони кордбадаст хабар дод
Ба навиштаи манбаъ, аз онҳо ду корди гуногунтамға дарёфт ва мусодира шудааст.
Мақомот алайҳи волидайни ин 6 наврас бо гумони «иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак» (моддаи 90 КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 780 сомонӣ ҷарима то 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мекунад.
Назари волидони ноболиғони боздоштшуда дар робита ба ин қазия маълум нест.
«Вобаста ба ин, мақомоти милитсия аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват менамояд, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд», — навиштааст Раёсати ВД дар шаҳри Душанбе.
Бояд гуфт, муноқишаи ноболиғон бо истифода аз корд солҳои охир зиёд мушоҳида мешавад, ки баъзе аз онҳо бо фоҷиа анҷомидаанд.
Ахиран дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмӣ шуданд. Гуфта мешуд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ сар зада, яке аз наврасон ба дили Муҳаммадалӣ корд мезанад ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон медиҳад.
Моҳи ноябри соли гузашта ҳам дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон дар Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст.
Сокинони пойтахт дар як назарсанҷии «Азия-Плюс» сабаби чунин муноқишаҳоро дар байни наврасон, беназоратии волидон, дур мондан аз тарбияи онҳо, ҳамчунин муҳоҷират унвон дода буданд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)