< Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд

Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
​Раиси ноҳия Икромиддин Вализода иброз дошт, ки Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳимми сиёсӣ, барномавӣ ва сарнавиштсоз буда, самтҳои асосии рушди устувори давлат ва ҷомеаро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бозгӯи вазъияти воқеии мамлакат, таҳлили амиқи равандҳои ҷаҳони муосир ва ҳамзамон самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳамоиш ба масъалаи муҳофизат ва тарғиби ёдгориҳои таърихии Хутали Қадим ва Саразм низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ин ёдгориҳо шаҳодати тамаддуни бостонии тоҷикон буда, ҳифзу муаррифии онҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Зимнан, риояи қатъии қонунҳои миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва таассуби сиёсӣ, миллӣ ва динӣ мавзуъҳои меҳварии вохӯрӣ буданд. Таъкид гардид, ки худдорӣ намудан аз ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва вокуниши саривақтӣ ба чунин амалҳо омили муҳими ҳифзи суботи ҷомеа мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён барои татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон дар фаъолияти рӯзмарра ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ изҳори омодагӣ карданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий