35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» корхонаи истеҳсоли равған бунёд мегардад. Сохтмони корхона бо сармояи ватанӣ идома дошта, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна равғани истеъмолиро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода супоридани корхона фаъолият дар се баст ба роҳ монда шуда, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Ҳамчунин дар ноҳия аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коғази тоҷик» корхонаи коркарди коғаз ба истифода мешавад. Корхона бо беҳтарин дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, баъди пурра ба истифода супоридани он 35–40 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд.
Ҳоло дар корхона санҷиши хатҳои технологӣ идома дошта, ашёи хом аз дохили мамлакат таъмин ва мавриди коркард қарор дода мешавад. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, тибқи фармоиш бо шаклу андозаҳои гуногун ва услуби зебо истеҳсол мегардад.
Дар ноҳия инчунин коргоҳи коркарди пӯсти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарми қалъа» сохта мешавад, ки иқдоми муҳими саноатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин корхона пӯсти чорвои аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ҷамъоваришуда коркард мегардад. Дар натиҷа чарми хушсифат истеҳсол карда мешавад. Баъди ба истифода супоридани корхона барои 50 нафар сокинон ҷойи кор муҳайё мегардад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)