Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дастур доданд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, амалӣ намудани иқдомоти мазкур далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо — тоҷикон мегардад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)