< Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд

Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
​Дар ҳамоиш раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода иҷрои нишондиҳандаҳо ва паҳлуҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла масъалаҳои татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии терроризм ва экстремизм, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва мусоидати соҳибкорони ватанию хориҷиро ба рушди бемайлони соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Тавре изҳор шуд, дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои муассиру судманд ба роҳ мондааст. Дар натиҷа тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мунтазам рушд ёфта, пояҳои давлатдории миллӣ устувор гардиданд.

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ барои рушди босуботи мамлакат заминаи устувор фароҳам овард.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий