< Дар Давлати Кувайт таҳти сарпарастии Тоҷикистон вохӯрии сафирони кишварҳои муқим баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Давлати Кувайт таҳти сарпарастии Тоҷикистон вохӯрии сафирони кишварҳои муқим баргузор гардид

Дар Давлати Кувайт таҳти сарпарастии Тоҷикистон вохӯрии сафирони кишварҳои муқим баргузор гардид
​Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои ташрифотӣ Абдулмуҳсин Аз-Зайд, инчунин роҳбарони зиёда аз 130 намояндагии дипломатӣ иштирок намуданд.

Зубайдулло Зубайдзода зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва муносибатҳои созанда байни муассисаҳои дипломатӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвари иқоматро таъкид намуд.

Зимни чорабинӣ дуайен фаъолияти ҳайати дипломатиро  давоми соли 2025 ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки дар ин давра ҳамкорӣ ва фаъолияти созанда байни корпуси дипломатӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуд. Таъкид гардид, ки  давоми сол корпуси дипломатии Давлати Кувайт дар ҷашнвораҳои муҳими байналмилалӣ, ташаббусҳои башардӯстона ва дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуд, ки ба таҳкими ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳузури дастҷамъонаи он мусоидат кард.

Чорабинӣ ҳамчун майдони муҳим барои тақвияти муколама, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамкорӣ ва мубодилаи фарҳангӣ байни намояндагиҳои дипломатӣ хизмат намуд. Ба ифтихори иштирокчиён зиёфати расмӣ баргузор гардид.

Дар ҳошияи чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои ташрифотӣ Абдулмуҳсин Аз-Зайд барои ҳамкории судманд бо корпуси дипломатӣ бо сипосномаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ба уҳда доштани вазифаи дуайении ҳайати дипломатӣ таҳти роҳбарии Тоҷикистон барои ҳамоҳангии равобит байни намояндагиҳои кишварҳои мухталиф ба комёбиҳои назаррас расида, обрӯю эътибори ҷумҳуриро дар саросари кишвари маҳалли иқомат баланд бардоштааст.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий