Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати мамлакат ворид шуд. Дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузошт.
Саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳи онанд, ки мақом ва ҷойгоҳи ин ҳизб дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон бузург мебошад.
Изҳор гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани идеяҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавӣ ҷалб менамояд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки аъзои Фраксия дар ташвиқу тарғиби идеяҳои созандаи ҳизбӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон фаъол бошанд.
Барои саҳми босазо гузоштан дар амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон- аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.
Сарчама: khovar.tj

Комментарии (0)