< Қурбониёни обхезиҳо дар Тайланд, Индонезия ва Шри-Ланка ба беш аз 1 ҳазор нафар расид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардӣ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қурбониёни обхезиҳо дар Тайланд, Индонезия ва Шри-Ланка ба беш аз 1 ҳазор нафар расид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардӣ кард

Қурбониёни обхезиҳо дар Тайланд, Индонезия ва Шри-Ланка ба беш аз 1 ҳазор нафар расид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардӣ кард
Дар пайи обхезиҳои пайдарпай, ки бар асари боришоти зиёд дар Индонезия, Тайланд ва Шри-Ланка рух дод, зиёда аз 1 ҳазор нафар ҳалок шуда, садҳо кас бе ному нишон ва бедарак гардидаанд. Дар ин бора «The Guardian» хабар дода, навиштааст, ки «ин офати табиӣ яке аз харибиовар барои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад».

Ба иттилои манюаъ, вазъи душвортарин дар ҷазираи Суматраи Индонезия ба миён омадааст, ки дар он ҷо маҳаллаҳои аҳолинишин комилан зери об мондаанд. Ҳазорон хона тахриб шудаву даҳҳо пулҳо осеб диданд ва гузаштан аз садҳои километр роҳҳо ғайриимкон аст, ки амалиёти наҷотдиҳӣ ва башардӯстонаро душвор месозад.

Ин расона бо истинод ба мақомоти расмӣ менависад, аз ҷумла, дар Индонезия 593 кас ҳалок шудаанд. Вале ба иттилои «Reuters», дар Индонезия 604 нафар ҳалок шуда, боз 464 тан бе ному нишон шудаанд. Дар Шри-Ланка бар асари обхезӣ 366 нафар ва дар Тайланд — 176 кас ба ҳалокат расидаанд.
Дар иртибот ба ин ҳаводис, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 1-уми декабр ба сарони кишварҳои осебдида — президенти Индонезия Прабово Субианто, шоҳи Тайланд Маха Вачиралонгкорну (Рама X) ва президенти Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке барқияҳои изҳори тасаллият ирсол намуд.

Дар барқияҳо дар робита ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар ин кишварҳо ҳамдардӣ изҳор намуда, ба осебдидагон шифои комил хост.

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий