Александра Кан дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо медали биринҷӣ гирифт
Тоҷикистонро 3 ҷудокор — Магомед Фармонбеков дар вазни то 73 кг, Кан Александра дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг намояндагӣ намуданд.
Ҷудокорбонуи тоҷик Александра Кан дар вазни то 57 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб шуд. Кан дар даври аввал озод буда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ — Ли Чаекунг шикаст хӯрд ва ба даври тасаллобахш рафт.
Дар марҳилаи тасаллобахш Кан бар Лау ван Локи мизбон дастболо шуда, дар рақобат барои медали биринҷӣ зидди намояндаи Кореяи Ҷанубӣ — Ҳонгсун Чоо пирӯзӣ ба даст овард.
Ин ҷоиза аввалин медали Александра дар арсаи ҷаҳонӣ буд ва ба ӯ 50 холи олимпӣ овард.
Магомед Фармонбеков дар вазни то 73 кг дар даври аввал бар намояндаи Тайпеи Чин — Чен Ҳсин Чен, дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар намояндаи мизбо Нин Ҳонг Мак ғалаба карда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ — Йонгмин Ким мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар марҳилаи тасаллобахш Фармонбеков аз ҷудокори австралиягӣ Эрик Амани дучори бохт шуда, мақоми ҳафтумро касб намуд.
Виктория Киселёва дар вазни +78 кг дар рақобати аввал аз Энхменд Ҷаргалмааи муғул шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳҳо бенасиб монд.
Сарчашма: varzishtv.tj

Комментарии (0)