Зуҳрон Мамдонӣ нахустин шаҳрдори мусалмони Ню-Йорк шуд
Тибқи натиҷаҳои ибтидоӣ, ба тарафдории Мамдонӣ 50,4 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд.
Зуҳрон Мамдонӣ аввалин мусалмоне аст, ки ба мақоми шаҳрдори Ню-Йорк мерасад.
Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз Зуҳрон Мамдонӣ интиқод карда, ӯро «коммунист» хонд ва аз сокинони Ню-Йорк хост, ба ҷонибдории ӯ раъй надиҳанд.
Трамп аз ҳамҳизбии худ Кёртис Слива пуштибонӣ карда буд.
Аммо натиҷаҳои пешакии интихобот нишон доданд, ки ба тарафдории Слива танҳо 7,1 дарсади мардум овоз доданд.
Ню-Йорк яке аз шаҳрҳои сарватманд ва сераҳолии Амрико ба шумор меравад.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)