Хаби Алонсо оиди пирӯзӣ бар "Барселона" дар “Эл-Класико” изҳори назар кард
“Даста хеле ангеза дошт. Пеш аз бозӣ мо гуфтем, ки муҳим нест танҳо се имтиёз гирем, балки фаҳмем, ки чӣ кор кардем ва чӣ мехоҳем ба даст орем. Ман барои бозигарон хурсанд ҳастам, зеро онҳо бояд дар чунин бозии калон, мисли “Эл-Класико”, маззаи ғалабаро эҳсос мекарданд. Ҳама пур аз ҳавас буданд. Ин ғалаба танҳо барои се имтиёз нест — он аҳамияти махсус дорад. Аммо ин ҳанӯз оғоз аст, кори зиёд пеш аст. Мо мехостем худро боэътимод ҳис кунем ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар оянда бояд ҳамон эҳсосотро нигоҳ дорем, ки имрӯз доштем.
Дар бозӣ мо хуб дифоъ кардем, бисёр бозигарон пушти тӯб буданд ва ба рақиб имкон надодем. Танҳо як гол баъди аз даст додани тӯб хӯрдем. Дар ҳамла низ имкониятҳои зиёд доштем. Даста бо қувваи боэътимод ва ҷиддӣ бозӣ кард. Ҳам бозигарон ва ҳам мухлисон аз бозӣ лаззат бурданд. Муносибати байни онҳо хеле хуб буд. Барои мухлисон муҳим аст, ки диданд, дастаашон барои ғолибият бо тамоми нерӯ ва қувва мубориза бурданд. Ба онҳо ҳама чиз писанд омад ва ин барои мо муҳим аст.
Ин танҳо оғози кор аст, аммо робита бо “Бернабеу” аҳамияти асосӣ дорад ва ман имрӯз инро хуб эҳсос кардам” – фишурдаи суханони Хаби Алонсоро хадамоти матбуотии тими “Реал Мадрид” иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Реал Мадрид” бо 27 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Барселона” бо 22 имтиёз зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Комментарии (0)