Трамп гуфт, Путин бояд машғули поён додан ба ҷанг бошад, на мушакозмоӣ
Доналд Трамп рӯзи 26-уми октябр ба хабарнингорон гуфт: «Онҳо медонанд, ки беҳтарин киштии зериобии атомиро дорем, ки дар назди соҳилҳои онҳо ҷойгир аст. Барои ҳамин ба мо зарур нест, мушак 8 ҳазор мил (12874 километр) парвоз кунад. Онҳо бо мо бозӣ намекунанд ва моҳ ҳам бо онҳо бозӣ намекунем. Зимнан ман ингуна баёнияҳои Путинро беҷо мешуморам. Ӯ бояд ба ҷанг поён диҳад. Ҷанге, ки бояд як ҳафта мегирифт, чаҳор сол аст, идома дорад. Ӯ бояд машғули поёни ҷанг бошад, на инки мушак озмоиш кунад.»
Фармондеҳони артиши Русия рӯзи 21-уми октябр мушаки «Буревестник"-ро озмоиш кардаанд, ки қодир ба парвоз дар масофаи дароз аст. Ба гуфтаи онҳо, мушаки қодир ба ҳамли кулоҳакҳои атомӣ дар ин рӯз 14 ҳазор километр парвоз кард ва 15 соат дар фазо буд. Раҳбарони Русия таъриф кардаанд, ки чунин мушакеро то кунун дигар қудратҳои ҷаҳонӣ надоранд.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)