< Дар ҳамлаи Русия ба Киев се кас кушта шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар ҳамлаи Русия ба Киев се кас кушта шудааст

Дар ҳамлаи Русия ба Киев се кас кушта шудааст
​Ба гуфтаи ӯ, яке аз қурбониён духтари 19 сола ва дуввуми модари 46 солаи ӯ мебошад. Шахсияти фарди сеюм маълум нашудааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, пораҳои паҳпод ба як манзили баландошёна дар ноҳияи Десняскийи Киев бархӯрд ва боиси марги ин се нафар шуд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев гуфтааст, дар пайи афтидани пораҳои паҳпод ба як нуҳошёна чанд хона хароб шуд. Панҷ нафарро аз зери харобаҳо наҷот додаанд.

Неруҳои ҳавоии Украина хабар дод, ки шаби 25 ба 26-уми октябр неруҳои Русия ба сӯи шаҳрҳои Украина 101 дрон ё ҳавопаймои бесарнишин партоб карданд, ки 90 адади он раҳгирӣ ва нобуд шудааст.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий