Дар Самарқанд аввалин вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон аввалин вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор шуд.
Дар ҷараёни гуфтушунид вазирон масоили таҳкими амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, омодасозии кадаҳо ва табодули таҷрибаро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки густарши ҳамкории мутақобила дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва таҳкими фазои эътимод байни кишварҳои минтақа барои суботу амнияти Осиёи Марказӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Дар муроҷиати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки аз ҷониби котиби Шӯрои амнияти ин кишвар Виктор Маҳмудов хонда шуд, таъкид гардид, ки муносибатҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба эҳтиром ва эътимоди тарафайн асос ёфтаанд, ба сатҳи шарикии стратегӣ баромада, дар шароити афзоиши таҳдидҳои глобалӣ ба амният аҳммияти хосса касб мекунанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар бораи вохӯрии якуми вазирони мудофаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ протокол ба имзо расид.
Ғайр аз ин, гуфтушунидҳои дуҷонибаи вазири мудофиаи Ӯзбекистон бо ҳамтоёнаш аз Тоҷикистону Қазоқистон ва Туркманистону Қирғизистон доир гардид. Ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои ҳарбӣ, омодасозии муштараки кадрҳо ва амалисозии ташаббусҳо оид ба таъмини амнияти минтақаро баррасӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки дар тамрингоҳи низомии «Каттақӯрғон-и вилояти Самарқанд» размоиши минтақавии минтақавии «Ягонагӣ-2025» («Бирлик-2025») ҷараён дорад, ки дар он воҳидҳои ҳарбии вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок доранд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, аллакай аз рӯзҳои аввали размоиш натиҷаҳои мусбат ҳосил шуда, сатҳи омодагии ҷангӣ ва ҳамкории мутақобила байни артишҳои кишварҳои иштирокчӣ баланд мешавад. Ин размоиш ба таҳкими ваҳдат ва сулҳ дар минтақа, инчунин рушди ҳамкории амалӣ дар соҳаи мудофиа равона шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)