Дар Қазоқистон як гурӯҳи калони қаллобони бонкиро боздошт намуданд
Бар асоси иттилои расонаҳои қазоқистонӣ ин афрод беш аз панҷ сол шиносномаи шаҳрвандони камбизоатро рабуда, ба номи онҳо қарзҳои бузург гирифтаанд. Прокуратураи ин вилоят хабар дод, ки қурбониёни ин ҷиноят 348 нафар буда, зарари умумӣ 6, 8 миллион доллар аст.
Дар ҷараёни тафтиш амволе, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омада буд, мусодира гардид. Хона ва қитъаҳои замин дар Алмаато, мошинҳои гаронбаҳо ва маблағҳои бузурги нақдӣ мусодира шуданд. Арзиши умумии амволи мусодирашуда 5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тафтиши ин парванда пас аз шикояти сокинони ноҳияи Зерендин оғоз гардид. Бознишастагон ва камбизоатон хабар доданд, ки касоне аз номи онҳо қарз гирифтаанд ва худашон хабар надоранд. Пас аз санҷише, ки аз ҷониби прокурори ноҳия моҳи ноябри соли 2024 анҷом дода шуд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Он вақт шумораи зарардидагон тақрибан 400 нафар арзёбӣ мешуд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)