Мансабдори собиқи артиши Исроил: “Пешгӯии Синвор дар ҳоли амалӣ шудан аст”
Бино ба иттилои шабакаи телевизонии «Шаҳоб» Исроил Зев, раиси пешини бахши амалиёти Артиши режими Исроил эътроф кардааст, ки пешгӯии Яҳё Синвор дар ҳолӣ амалӣ шудан аст.
«Ҷанги Исроил тадриҷан ба як ҷанги ғайриқонунӣ табдил меёбад. Садо ва симои мо дар назди афкори умумии ҷаҳонӣ дар ҳолӣ фурӯпошӣ аст. Дӯстони байналмилалӣ дастгирии худро кам мекунанд. Синвор тавонист бо муборизаҳои худ роҳи эълони давлати Фаластинро дар Созмони Милал ҳамвор созад».
Исроил Зев афзуд, ҳарчанд Синвор дигар дар миёни мо нест, ӯ ҳамоно ба ҳайси рамзи як пирӯзии бузург бар зидди режими Исроил боқӣ мондааст.
Аз ҷониби дигар Юав Лимур нависандаи исроилӣ дар рӯзномаи «Исроил Ҳаюм» (Israel Hayom) навишт, ки Яҳё Синвор бузургтарин фоҷеаро барои режими Исроил аз замони таъсиси он ба бор овард. Ба гуфтаи ӯ «Синвор дарси муҳим ба мо дод: аввал қудрати душманро набояд нодида гирифт, дувум, муборизони Ғазза бо вуҷуди сода зистан хеле омӯзишдида ва зирак мебошанд».
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)