< “Марзҳои одамхӯр”. Дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон боз ду қирғиз кушта шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Марзҳои одамхӯр”. Дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон боз ду қирғиз кушта шуд

“Марзҳои одамхӯр”. Дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон боз ду қирғиз кушта шуд
Бар асоси иттилои расмӣ, ҳанӯз 25-уми август ба милитсияи ноҳияи Чаткали вилояти Ҷалолобод ариза дар бораи гум шудани ду сокини деҳаи Айғир Ҷал ворид шуда буд.

Бар асоси иттилои ҷониби ӯзбекӣ 25-уми август дар нуқтаи марзии се кишвар – Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон, неруҳои марзбонии Ӯзбекистон ду шахси ношиносро мушоҳида карданд. Вақте неруҳои марзбонӣ кӯшиш намуданд, ки онҳоро боздошт кунанд, онҳо ба амр итоат накардаанд ва оташкушоӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷа ҳар ду шаҳрванди Қирғизистон ҷон бохтаанд.

31-уми август хешовандони афроди кушташуда ба Ӯзбекистон рафта, ҳувияти онҳоро тасдиқ намуданд. Рӯзи 1-уми сентябр ҷасадҳо ба воситаи Баймак ба ҷониби Қирғизистон супурда шуданд.

Хадамоти сарҳадии Қирғизистон аз ҳодисаи рухдода изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки тафтишот оғоз шуда, натиҷаҳо баъдан эълон мешаванд.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий