< Туркия бандарҳо ва фазои ҳавоии худро ба рӯи Исроил баст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Туркия бандарҳо ва фазои ҳавоии худро ба рӯи Исроил баст

Туркия бандарҳо ва фазои ҳавоии худро ба рӯи Исроил баст
Вазири корҳои хориҷии Туркия дар ҷараёни суханронӣ дар парлумони Туркия чунин таъкид кард: «Мо бандарҳои худро ба рӯи киштиҳои исроилӣ баста, иҷоза намедиҳем, ки киштиҳои туркӣ ба бандарҳои Исроил раванд. Ҳамчунин, киштишҳои боркаши дорои силоҳ ва муҳимот барои Исроил ба бандарҳои мо роҳ нахоҳанд ёфт ва ҳавопаймоҳои онҳо низ ҳаққи убур аз фазои ҳавоии Туркияро надоранд».

Чанде қабл Ҳокон Фидон аз қатъи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ва сиёсӣ бо Исроил хабар дода буд. Муносибатҳои ду кишвар аз замони оғози ҷанги Исроил бар зидди Ҳамос дар Ғазза ба таниш рӯ ба рӯ шудааст. Анқара Исроилро ба қатли омм дар Ғазза муттаҳам карда, аз моҳи майи соли гузашта тамоми робитаҳои тиҷоратиро бо ин кишвар қатъ кардааст.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи ноябри соли гузашта Туркия иҷозаи убури ҳавопаймои Президенти Исроилро надод ва ӯ маҷбур шуд, сафараш ба конфронси иқлимии Озарбойҷонро бекор кунад. Ҳамчунин, моҳи майи соли ҷорӣ Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил баъд аз рад шудани иҷозаи парвоз аз сӯи Анқара сафар ба Бокуи Озарбойҷонро лағв кард.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий