< Қудрати нави мушакии Эрон. “Растохез” дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қудрати нави мушакии Эрон. “Растохез” дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳон

Қудрати нави мушакии Эрон. “Растохез” дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳон
Мушаки нави Эрон боиси нигаронии мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ шудааст. Ба навиштаи расонаҳои Ғарб мушаки нави Эрон тавоноии ҳамли то 4 тонна маводи таркандаро дошта, таҳдиди ҷиддӣ бар зидди Исроил аст.

Ҳамзамон неруҳои мусаллаҳи баҳрии Эрон машқҳои бузурги низомии беҳриро доир намуданд ва дар он аз мушакҳои ҷадиди зиддикиштӣ истифода намудаанд.

Расонаҳои исроилӣ ва аврупоӣ навиштаанд, ки озмоиши мушаки нави Эрон ба номи Растохез ва мушакҳои неруҳои баҳрии ин кишвар нишон медиҳад, ки Теҳрон дар ҳоли тақвияти неруи низомии худ аст.

Бар асоси гузориши расонаҳо, мушаки “Растохез” дорои дарозии тақрибан 20 метр аст ва қобилияти ҳамли сарҷангии 4 тоннагиро дорад. Ин хабар боиси омодагии неруҳои амрикоӣ дар минтақа ва ваҳшат дар Тел-Авив шудааст. Рӯзномаи “Ҳааретс” менависад, ки эҳтимолан Эрон барои як ҳамлаи пешакӣ омодагӣ мебинад. Дар пайи нашри ин ахбор, телевизиони “12”-и Исроил дар хусуси тавоноии баланди мушакии Эрон гузориш дода, афзуд, ки тавоноии мушакии Эрон яке аз нигарониҳои асосии мақомоти Исроил ва Амрико аст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти олирутбаи Эрон борҳо таъкид кардаанд, ки неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ба ҳама гуна таҳдид посух хоҳанд дод. Вазири дифои ин кишвар Амиразиз Насирзода гуфт, ки Эрон ҳанӯз аз мушакҳои ҷадид истифода накардааст ва тавоноии посух додан ба ҳама гуна таҳдидро дорад. Ӯ таъкид кард, ки Эрон дорои захираҳои стратегии мушакиест, ки то имрӯз истифода нашудаанд, аз ҷумла мушакҳои “Харрамшаҳр 5” ва “Қосим Басир”.

Илова бар ин, неруҳои баҳрии Эрон дар чанд рӯзи охир тамрини бузурги мушакии “Иқтидори пойдор 1404”-ро баргузор карданд. Ин машқҳо, ки дар уқёнуси Ҳинд ва баҳри Умон бо рамзи амалиётии “Ё Муҳаммад” баргузор гардид, Исроил ва Амрикоро хеле нигарон кард.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий