< Директори аэропорт Исмат Абдуллозода аз касе наметарсад! » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Директори аэропорт Исмат Абдуллозода аз касе наметарсад!

Директори аэропорт Исмат Абдуллозода аз касе наметарсад!


Ба редаксияи "Ҳамсинф"  оилаи Зиёевҳо, истиқоматкунандагони ш. Душанбе н. И. Сомони кӯчаи Шота Руставели 17.  муроҷиат карда, хоҳиш намуданд, то ки мактуби шикоятии онҳоро ба нашр расонем. 

Дар нома чунин гуфта мешавад:
Як оилаи ҷабрдида аз шаҳри Душанбе
Ҳоли як хонавода аз як соҳибкори бераҳму беинсоф ки Меҳроҷиддин Раҷабали бо сӯиистифода аз мансаби амакаш Абдуллоев Исмат раиси Фурудгоҳи Байналмилалии ш. Душанбе мехоҳад хонаҳоямонро дар сарамон чаппа кунад намедонем ба куҷо додамонро расонем ин беинсоф на ба инсон раҳму эҳтиром дорад на ба қонуну на ба давлат қарори Раиси ш. Душанберо ҳеҷ эътибор надода гӯш ҳам намедиҳад аз мансаби худ сӯиистифода бурда ҳуқуқҳои мо соњибмулконро поймол карда ба роҳҳои ғайриқонуни хонаҳои моро мехоҳад бигирад мо аз корбарони шабакаҳои иҷтимои эҳтиромона хоҳиш мекунем дар ин кор бо мо ҳамкори карда доду фарёди моро ба Ҷаноби Оли Пешвои Миллат ва Раиси шаҳри Душанбе расонанд, ки ин соҳибкор ва мансабдори бераҳм аз мансабу вазифаи худ ва аз боварии Ҷаноби Оли сӯи истифода бурда моро аз хонаҳоямон бо роҳи ғайриқонуни чапа карда худамонро ки зиёда аз 30 нафар, ки бештари моро ноболиғон ташкил медиҳанд бехонаву дар карда дар кӯча монданист.

Иқдоми ғайри қонуни пешгирифтаи Мероҷидини Раҷабалиро судияи суди н. И. Сомони Баҳодур Шарифзода дастгири намуда ҳалномаи ғайри қонуни баровард, ки бе ягон асос моро аз хонаҳоямон кучонидааст. Ҳалномаи ғайри қонунии мазкурро мансабдорони болои дастгири намуда истодаанд мо дигар намедонем, ки доду фиғон ва дарди худро оиди поймол шудани ҳуқуқҳои конститутсиониямон ба кадом мақомот муроҷиат намоем.

Нигаронии мо соҳибмулкон аз он аст, ки ин кор сабаби ба худкуши ва ё худсузи даст задани оилаамон нагардад.

Мо бовари дорем, ки агар ин қазияи дар пеш истодаро Ҷаноби Оли Пешвои Миллат ва шањрдори ш. Душанбе огоҳи пайдо кунанд намегузоранд, ки ҳуқуқҳои мо шаҳрвандон аз тарафи ба ном як соҳибкор мисли Меҳроҷидини Раҷабали поймол карда шавад.

Аз ҳамаи Шумо корбарони шабакаҳои иҷтимои Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ин кор моро ҳамроҳи карда то мо аз ин соҳибкори бераҳму беинсоф наҷот ёфта нагузоред, ки ҳуқуқҳои мо соҳиммулконро поймол кунад.

Бояд қайд намоем, ки рузи 09.07.2019с аҳли оилаи мо субҳи содиқ ба қабулгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҳозир шудем. Ҳангоми ҳозир шудан аҳли оилаи моро муовини сардор Раҳимзода Т. Қабул намуда иброз кард, ки дар давоми руз ба хонаҳои истиқоматии Шумо гуруҳи кориро мефиристам баъд аз ин мо аҳли оила бо фарзандони ноболиғамон ба манзили истиқоматиамон омадем.

Тахминан соатҳои 10:20 ба манзили истиқоматии мо Абдуллоев Исмат ва як гуруҳ кормандони ҳар мақомот омада оилаи моро сиёсат намуда, кормандони мақомоти қудрати ба ҷое оне ки ҳуқуқҳои конститутсионии моро ҳимоя намоянд баръакс тарафдории Абдуллоев Исматро шуда, оилаи моро сиёсат намуда гуфтанд хоҳед нахоҳед мо оилаи Шуморо мекучонем боз сиёсат карданд, ки бурда оилаи Моро зиндонӣ мекунанд.

Дар асл Мо ҳамин руз эҳсос кардем, ки аз Абдуллоев Исмат кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ метарсидаанд ва воқеъан Абдуллоев Исмат ба гуфти худаш шахси аз хеҷ кас тарсуи надошта, шахси намоёни Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтааст.

Муҳтарам Ҷаноби Оли ва шаҳрдори Душанбе илтимос ва хоҳиш мекунем ки танҳо ва танҳо Шумо ба дарди оилаи мо мерасед ва аз Шумо бовари дорем, ки Шумо ҳуқуқҳои конститутсионии моро ҳимоя, ҳифз ва таъмин менамоед.

Мо бовари дорем, ки Абдуллоев Исмат ба ҳама кор қодир аст ва оилаи мо дар тарс ҳаст, ки Абдуллоев Исмат барои ғайриқонуни соҳиб шудани моликияти мо соҳибмулкон ба ҳамаи кор қодир аст ва метавонад, ки моро бо туҳмат зиндони намояд ва ё ин ки ба марг расонад. Агар бо аҳли оилаи мо ягон ходиса рух диҳад дониста бошед, ки ин кори Абдуллоев Исмат мебошад.

Ҳаминро дониста ва огаҳ бошед ҳайёт ва саломатии оилаи мо дар хатар мебошад ба ҳамин хотир бо оилаи мо ҳамроҳ бошед!!!!!
Бо эҳтироми хосса оилаи Зиёевҳо суроға ш. Душанбе н. И. Сомони кӯчаи Шота Руставели 17.

Комментарии (0)

Оставить комментарий