Ҷавони 28-сола бо гумони қаллобии 5 миллион сомонӣ дастгир шуд
Тибқи иттилои мақомоти милитсия, гумонбар бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз боварии шаҳрвандон мошинҳои гаронарзиши онҳоро гирифта, ваъда медодааст, ки маблағашонро баъдан пардохт мекунад. Аммо ӯ мошинҳоро фурӯхта, маблағи бадастомадаро ба манфиати худ сарф мекардааст. Зарари расонидашуда ба шаҳрвандон наздики 5 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад. Нисбати гумонбар бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Сарчашма: oila.tj
Сарчашма: oila.tj
Комментарии (0)