< Водии Рашт ва чанд шаҳру ноҳияи Хатлону Суғд. Боз кадом шаҳру навоҳӣ нақшаи даъватро иҷро карданд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Водии Рашт ва чанд шаҳру ноҳияи Хатлону Суғд. Боз кадом шаҳру навоҳӣ нақшаи даъватро иҷро карданд?

Водии Рашт ва чанд шаҳру ноҳияи Хатлону Суғд. Боз кадом шаҳру навоҳӣ нақшаи даъватро иҷро карданд?
Дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ, ки дирӯз, 1-уми октябр дар Тоҷикистон оғоз шуд, ба ҷуз ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Гулистон, Тоҷикобод ва Вахш ҳамчунин, водии Рашт ва чанду шаҳри навоҳии дигари вилояти Хатлон ва Суғд аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Хабаргузории давлатии «Ховар» навишт, ки ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи якум 100% иҷро карданд.

Ҳукумати вилояти Хатлон субҳи 2-юми октябр хабар дод, нақшаи даъват дар ин вилоят, дар рӯзи аввал, 76% иҷро шудаааст. Ба ҷуз шаҳри Бохтар ва ноҳияи Вахш, шаҳру ноҳияҳои Норак, Леваканд, Данғара, Дӯстӣ, Хуросон, Ховалинг ва Фархор низ нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Ҷавонони водии Рашт, акс аз «Ховар»


Аз вилояти Суғд шаҳри Бӯстону Гулистон ва ҷамоатҳои деҳоти Ворӯх ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшара пурра иҷро кардаанд. Иҷрои умумии нақша дар тамоми ин вилоят, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳоло маълум нест.


ВМКБ дар рӯзи аввал нақшаи даъватро 101 дарсад иҷро карда буд.
        
Вале маълум нест, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъват дар тамоми кишвар чанд дарсад иҷро шудааст. Аз Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло маълум нест, дар рӯзи аввали даъватшаванда нақшаи даъват дар сатҳи ҷумҳурӣ чӣ қадар иҷро шудааст. Аз ин ниҳод гуфтанд, омори ҷумҳуриро ҷамъоварӣ доранд ва дар наздиктарин фурсат пешниҳод хоҳанд кард.
         Бар асоси фармони раисҷумҳур, мавсими тирамоҳии ҷалби ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) рӯзи 1-уми октябр, оғоз шуд ва то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Мақомот иҷрои нақша дар рӯзи аввали маъракаи даъватро “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар ин маводи “Азия-Плюс” ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъвати ҳарбӣ посух дарёфт кунед: Даъвати тирамоҳӣ ба артиш оғоз мешавад. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий