< Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид

Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хабар доданд, дар форум ходими калони илмии шуъбаи илмию таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии ин донишгоҳ Омина Холиқзода соҳиби медали нуқра гардид. Ҳамзамон дастоварди илмии ӯ аз ҷониби «Indonesia Invention and Innovation Promotion Association» баҳои баланд гирифта, ба олим медали тилло тақдим карда шуд.

Ин муваффақият далели он аст, ки таҳқиқоти илмии олимони ҷавони тоҷик, бахусус муҳаққиқони соҳаи тиб дар сатҳи байналмилалӣ низ арзёбии баланд пайдо мекунанд.

Дар форуми байналмилалии илмӣ дастовардҳои олимону ихтироъкорон дар самти таҳқиқоти илмӣ, навовариҳо ва ихтирооти дорои аҳамияти амалӣ муаррифӣ гардиданд.

Иштироки олимони ҷавони тоҷик дар чунин форум барои муаррифии иқтидори илмӣ, таҳқиқотӣ ва навоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.

Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ҳамчун яке аз сохторҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ солҳои охир ба рушди корҳои илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон, ҷалби олимон ба таҳқиқоти муосир ва муаррифии натиҷаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дастоварди навбатии Омина Холиқзода низ метавонад намунаи равшани самаранокии ин иқдомҳо ва имконияти фароҳамомада барои рушди иқтидори илмии ҷавонон бошад.

Дастовардҳои олимону муҳаққиқони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз нишондиҳандаҳои рушди илму маориф, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва болоравии нуфузи илмии давлат ба ҳисоб мераванд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий