< Истеҳсоли матоъ дар Тоҷикистон қариб 38% коҳиш ёфтааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Истеҳсоли матоъ дар Тоҷикистон қариб 38% коҳиш ёфтааст

Истеҳсоли матоъ дар Тоҷикистон қариб 38% коҳиш ёфтааст
Дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон 1 млрд 216 млн сомониро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли нахи пахта афзоиш ёфта, истеҳсоли матоъ ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Тибқи маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, истеҳсоли нахи пахта дар шаш моҳ тақрибан 1,6 баробар — аз 10,5 ҳазор то 17,3 ҳазор тонна афзудааст.

Истеҳсоли калобаи пахтагӣ 4,3% афзуда, ба 9,4 ҳазор тонна, қолин ва маҳсулоти қолинӣ 11,2% афзуда, ба 4,1 млн метри мураббаъ расидааст. Ҳамзамон, истеҳсоли матоъ 37,7% коҳиш ёфтааст: аз 9,7 млн то 6,1 млн метри мураббаъ.
                                                                    
Дар 6 моҳ, Тоҷикистон ба маблағи 73,5 млн доллар 47,1 ҳазор тонна нахи пахта содир кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содирот 29,8% ва арзиши он 34,5% афзоиш ёфтааст.   
                                                           
Сармоягузорӣ ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ин давра 306,5 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 баробар бештар аст.

Дар кишвар ҳамагӣ 30% коркард мешавадҚаблан, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳо (технологияҳо)-и нав хабар дода буд, ки ҳоло дар дохили Тоҷикистон тақрибан 30% пахта коркард мешавад. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ният доранд корхонаҳои дорои силсилаи пурраи истеҳсолот — аз истеҳсоли калоба то матоъ ва либоси тайёрро рушд диҳанд.

Яке аз лоиҳаҳои бузург бо иштироки ширкати русии «BTK Групп» амалӣ мешавад. Дар Кӯлоб таъсиси маҷмаа (кластер)-и нассоҷӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тамоми давраи истеҳсолотро фаро хоҳад гирифт. Лоиҳа барои тақрибан 10 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Вазир ҳамчунин хабар дода буд, ки дар кишвар беш аз 126 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият мекунад, аммо танҳо тақрибан 45-тои онҳо қодиранд нахи дарози пахтаи дорои сифати заруриро истеҳсол кунанд.
                                                                    
Иқтидори умумии корхонаҳои пахтатозакунӣ тақрибан 2,5 млн тонна дар як солро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 420–430 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешавад. Вазорати саноат пешниҳод мекунад, ки аудити техникии корхонаҳо гузаронида шуда, муайян карда шавад, ки кадоме аз онҳо қодиранд тибқи стандартҳои муосир фаъолият кунанд.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий