< Барои 20 сол ва бо 1 фоиз солона. Тоҷикистон барои пур кардани буҷааш $200 млн қарз мегирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Барои 20 сол ва бо 1 фоиз солона. Тоҷикистон барои пур кардани буҷааш $200 млн қарз мегирад

Барои 20 сол ва бо 1 фоиз солона. Тоҷикистон барои пур кардани буҷааш $200 млн қарз мегирад
аз bbn.az

Сандуқ (Фонд)-и авруосиёии суботу рушд (ФАОСР) барои дастгирии буҷаи давлатӣ ба Тоҷикистон 200 миллион доллар қарз медиҳад.
Созишномаи дарёфти ин пулро рӯзи 13- уми август, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Ярослав Мандрон, роҳбари ФАОСР дар шаҳри Душанбе имзо кардаанд.

Ба иттилои Вазорати молия, маблағгузорӣ дар се марҳила анҷом шуда, дар марҳилаи аввал 100 миллион доллар ва дар ду марҳилаи баъдӣ 50 миллион долларӣ ҷудо хоҳад шуд.  

Ин ниҳод гуфтааст, ки ин пул «барои таъмини устувории молияи давлатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ» равона мешавад.

Маросими имзои созишнома. Акс аз Вазорати молия
                
Ин расона гуфтааст, ки ин аввалин созишномаи қарзӣ барои дастгирии буҷаи давлатӣ буда, дар шароити афзоиши фишор ба буҷа, ки ба зарурати пардохти вомбаргҳои байналмилалӣ вобаста аст, мусоидат мекунад.
Маблағгузорӣ барои дастгирии дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва барномаҳои рушди ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки миллӣ барои солҳои 2025–2027 пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 аз ҳамаи сарчашмаҳо ба Буҷети давлатии Тоҷикистон 36,4 млрд сомонӣ маблағ ворид шуда, нақшаи даромад дар ин давра 114,3% иҷро шудааст. 
Бештар дар ин маводи мо хонед: Чӣ қадар ҷамъ ва ба куҷо равона шуд?


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий