Нисбати як сокини Ашт барои қочоқи тангаҳои таърихӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
Додситонии Мастчоҳ алайҳи як сокини ноҳияи Ашт бо гумони қасди содироти ғайриқонунии тангаҳои таърихию бостоншиносӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар ин бора Эраҷ Давлатов, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд рӯзи 11-уми август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Манбаъ аз гумонбар Юлшад Сабиров ном бурда гуфт, ӯ аввалҳои моҳи июни имсол ҳангоми интиқоли 64 тангаи таърихӣ дар дидбонгоҳи гумрукии Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ боздошт ва баъди муосдираи тангаҳо, ба далели хатарнок набудани ҷиноят бо шарти тарк накардани макони зист то анҷоми тафтишот озод шудааст.
"
Давлатов афзуд, дар робита ба хусусияти таърихию бостонишносӣ доштани тангаҳо хулосаи Вазорати фарҳангро низ гирифтаанд.
Тибқи хулосаи Вазорати фарҳанг, ки «Азия-Плюс» бо он шинос шуд, тангаҳо маҷмӯаи тангаҳои таърихию нумизматикӣ мебошанд, ки аз тангаҳои кишварҳои гуногун ва давраҳои гуногуни таърихӣ иборатанд. Ба ин маҷмӯа, масалан, тангаҳои Русия ва ИҶШС (1828–1980, копейка ва рубл), Фаронса (1972, 20 сантим), Швейтсария (2003, 5 раппен), Сингапур (1989, 5 сент), Ҷопон (1 ва 50 йен), Чехословакия (1970, 1 ва 10 крона), Покистон (1970, 50 пайса), ИМА (1945 ва 1958, 1 ва 5 сент), Тайланд (2007, 10 бат), Италия (500 лира), Ҳолланд (1996, 5 сент), Югославия (1980, 20 пара), Қазоқистон (1995, 20 тенге) ва Ҳиндустон (2002, 2 рупия) дохил мешаванд. Чунин маҷмӯаҳо арзиши нумизматикӣ ва дар баъзе ҳолатҳо аҳамияти таърихию фарҳангӣ доранд.
Нисбати номбурда бо иттиҳоми қочоқи осори бадеӣ, таърихӣ ва бостоншиносӣ (моддаи 289, қисми 3) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин банди қонун аз 8 то 12 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.
Назари боздоштшуда ва наздикони ӯ ба ин қазия маълум нест.
Қаблан, низ дар бораи боздошти онҳое, ки осори нодири фарҳангиву таърихӣ, махсусан тангаҳои бостониро мехостанд бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар баранд, хабарҳо нашр шуд буд. Вале бузургтарин ғорати осори таърихӣ дар кишвар соли 1992 дар осорхонаи Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи илмҳо рух дода буд.
Сарчашма: asiaplus.news

»Ӯ мехост ин миқдор тангаҳоро бидуни барасмиятдарорӣ ва бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди кишвар ба хориҷ интиқол диҳад. Ӯ гуфт, ки қасди ба Ӯзбекистон бурдани тангаҳоро дошт, аммо қочоқчиён на ҳамеша воқеиятро баён карда, суроғаи воқеиро мегӯянд», — гуфт ин масъули мақомоти гумрук.
Давлатов афзуд, дар робита ба хусусияти таърихию бостонишносӣ доштани тангаҳо хулосаи Вазорати фарҳангро низ гирифтаанд.
Тибқи хулосаи Вазорати фарҳанг, ки «Азия-Плюс» бо он шинос шуд, тангаҳо маҷмӯаи тангаҳои таърихию нумизматикӣ мебошанд, ки аз тангаҳои кишварҳои гуногун ва давраҳои гуногуни таърихӣ иборатанд. Ба ин маҷмӯа, масалан, тангаҳои Русия ва ИҶШС (1828–1980, копейка ва рубл), Фаронса (1972, 20 сантим), Швейтсария (2003, 5 раппен), Сингапур (1989, 5 сент), Ҷопон (1 ва 50 йен), Чехословакия (1970, 1 ва 10 крона), Покистон (1970, 50 пайса), ИМА (1945 ва 1958, 1 ва 5 сент), Тайланд (2007, 10 бат), Италия (500 лира), Ҳолланд (1996, 5 сент), Югославия (1980, 20 пара), Қазоқистон (1995, 20 тенге) ва Ҳиндустон (2002, 2 рупия) дохил мешаванд. Чунин маҷмӯаҳо арзиши нумизматикӣ ва дар баъзе ҳолатҳо аҳамияти таърихию фарҳангӣ доранд.
Нисбати номбурда бо иттиҳоми қочоқи осори бадеӣ, таърихӣ ва бостоншиносӣ (моддаи 289, қисми 3) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин банди қонун аз 8 то 12 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.
Назари боздоштшуда ва наздикони ӯ ба ин қазия маълум нест.
Қаблан, низ дар бораи боздошти онҳое, ки осори нодири фарҳангиву таърихӣ, махсусан тангаҳои бостониро мехостанд бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар баранд, хабарҳо нашр шуд буд. Вале бузургтарин ғорати осори таърихӣ дар кишвар соли 1992 дар осорхонаи Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи илмҳо рух дода буд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)