< Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
​Дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа гарм ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий