Агентии обуҳавошиносӣ: “Хавфи сар задани сел дар бархе минтақаҳо боқӣ мемонад”
Имрӯз, 7-уми август Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ навишт, ки аз 8-ум то 10-уми августи соли равон дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳавошиносон иттилоъ дода буданд, ки аз рӯзҳои 6-ум ва 7-уми август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои дорои хусусияти пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)