«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, ки портали электронӣ бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои бадастовардаи ғолибони озмун таъсис дода шуд.
Ба иштирокчиён тартиби бақайдгирии довталабон, ворид намудани маълумот, қабулу санҷиши ҳуҷҷатҳои зарурӣ, истифодаи дурусти имконияти портали электронӣ ва талабот марбут ба ҳуҷҷатгузории иштирокчиёни озмун ба таври муфассал шарҳ дода шуд.
Ҳамчунин ба директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба дуруст ва сари вақт ворид намудани маълумот, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, пешгирии хатоиҳо ҳангоми бақайдгирӣ ва масъулияти шахсони масъул ҳангоми кор бо портали электронӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Инчунин масъалаҳои дуруст ба роҳ мондани раванди қабули ҳуҷҷатҳо, санҷиши маълумоти воридшаванда ва таъмини ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои қабул баррасӣ шуданд.
Таҷрибаҳои қаблии баргузории озмун нишон медиҳанд, ки баъзе довталабон бар хилофи низомнома такроран хоҳиши иштирок кардан доранд. Барномаи мазкур ин гуна ҳолатҳоро муайян ва пешгирӣ менамояд.
Таъсиси портали электронӣ ҳамзамон ба пешниҳоди якхелаи ҳуҷҷатҳои довталабон ва муаррифии онҳо мусоидат менамояд. Ин иқдом барои рақамикунонии озмуни мазкур дар оянда махзани пурраи маълумот мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардид.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)