< Норасоии коргар дар Раёсати обёрии Суғд. Масъулин аз аҳолӣ даъват доранд, ки ба кор омада “савоб” гиранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Норасоии коргар дар Раёсати обёрии Суғд. Масъулин аз аҳолӣ даъват доранд, ки ба кор омада “савоб” гиранд

Норасоии коргар дар Раёсати обёрии Суғд. Масъулин аз аҳолӣ даъват доранд, ки ба кор омада “савоб” гиранд
Беш аз ду сол боз мушкили норасоии кадрӣ дар Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ҳалли худро пайдо накардааст. Дар пайи ин мушкил, Ҳалимҷон Ҳоҷиев, муовини сардори ин ниҳод аз ҷавонон хост, ки дар ин соҳа ба кор оянд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ин соҳаи «Худоназаркарда» буда, «кор дар он савоб аст».
Ӯ ин «хоҳиш"-ро рӯзи 4-уми август дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт ва гуфт, то ҳол тақрибан 600 корманд дар бахши обёрии ин минтақа намерасад.
Ба гуфтаи ин масъули идораи обёрӣ, илова бар камбуди коргар, ҳоло онҳое, ки дар пайгоҳҳои обкашӣ кор мекунанд, ба нафақа наздиканд ва қисме нафақахӯранд. Ӯ мегӯяд, бояд мутахассисони ҷавон дар бахши обёрӣ ба кор ҷалб шаванд.  
        
»Мо хоҳиш мекунем, ки мутахасссони ҷавон ба мо муроҷиат кунанд. Бояд мутахассисони ҷавонро ба кор ҷалб кунем, (зеро) ин соҳа соҳаи муҳим ва назаркардаи Худо аст, касе кор кунад, савоб аст», — афзуд Ҳоҷиев. 
         Ба гуфтаи муовини Раёсати обёрии Суғд, ҳоло 75%-и заминҳои вилоят бо ёрии пойгоҳҳои обкашӣ таъмин мешаванд ва пойгоҳҳо бояд 24 соат кор кунанд, ки барои ин мутахассисони ҷавон заруранд.
    Посмотреть эту публикацию в Instagram        Публикация от АЗИЯ-ПЛЮС ТОҶИКӢ (@asiaplustoj)
»Дар пойгоҳҳои обкашӣ техникаҳои пуриқтидор кор мекунанд, аз ин лиҳоз на беодам монда мешаванду на ба дасти шахсони тасодуфӣ супурд. Танҳо ҷалби кормандони ҷавон ва мутахассисон роҳи ҳал аст», — гуфт ӯ.
Ба иттилои ӯ,  ҳоло дар Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд 2800 нафар кор мекунанд ва ба 600 коргари дигар эҳтиёҷ доранд.
Ба гуфтаи ин мансабдор, яке аз сабабҳои тарки пеша кардани кормандон ва камтаваҷҷуҳ будани соҳа, маоши кам мебошад.
Дар гузашта ҳам, ниҳоди мазкур аз камбуди нерӯи корӣ шикоят карда буд.
                 Аз ин пештар, дар нишасти матбуотии тобистони соли гузашта ин ниҳод, Ҳолимҷон Ҳоҷиев гуфта буд, ки дар шаш моҳи соли 2025-ум 300 корманди Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд тарки кор карда, ҳоло ба 500 корманд ниёз доранд.

Он замон Ҳоҷиев гуфта буд, ки 4 моҳи охир кормандон маоши худро нагирифтаанд. Ӯ сабаби сари вақт пардохт нашудани маоши кормандоро ба роҳандозии низоми биллингӣ дар пардохти пули об рабт дода буд.
Мушкилоти кадрию тарки кор кардани кормандон бо сабаби напардохтани маош дар ҳолест, ки Аминҷон Абдуллозода, собиқ сардори  Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ба азхудкунии беш аз 4 миллиону сомонии пули буҷа муттаҳам ва ҳудуди 137 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд. 

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий