< Марҳилаи сеюми сабтином дар Маркази тестӣ. Кӣ ширкат карда метавонад ва дар куҷо бояд сабтином кард? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Марҳилаи сеюми сабтином дар Маркази тестӣ. Кӣ ширкат карда метавонад ва дар куҷо бояд сабтином кард?

Марҳилаи сеюми сабтином дар Маркази тестӣ. Кӣ ширкат карда метавонад ва дар куҷо бояд сабтином кард?
Аз 29-уми август то 10-уми сентябр марҳилаи сеюми бақайдгирӣ дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор мешавад. Дар ин марҳила, довталабоне, ки дар даври якум ва дуюми бақайдгирӣ номнавис нашудаанд ва ё дар имтиҳонҳои асосӣ комёб нагардиданд, метавонанд, ҳуҷҷат супоранд.  

Дар ин бора аз Маркази миллии тестӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд.

Ба қавли манбаъ, дар марҳилаи сеюми сабтином, шахсони зерин ширкат карда метавонанд:
  • шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;
  • довталабоне, ки дар давраҳои якум ва дуюм сабтином шуданд, вале дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;
  • довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд;
  • довталабони дар асоси яке аз озмунҳо — тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
  • довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар беморӣ ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Дар ин давр танҳо ихтисосҳое барои интихоб пешниҳод мешаванд, ки пас аз се озмун — тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии марҳилаи якум ва дуюм, ҷойҳои холӣ доранд.
Тибқи иттилои ММТ, довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, метавонанд то 12 ихтисосиро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб кунанд.

Акс аз манбаъҳои боз


Рӯйхати ихтисосҳои давраи сеюм баъди натиҷаи тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии марҳилаи якум ва дуюми имтиҳонсупорӣ (эҳтимол баъд аз 17-уми август) дар сомонаи Маркази миллии тестӣ гузошта мешавад.
                                                                   
 Арзиши бақайдгирӣ барои хатмкунандагони синфи 11, муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  370 сомонӣ ва барои хатмкунандаҳои синфи 9-ум 320 сомонӣ аст. Дар сурати ворид кардани тағйирот (азнавбақайдгирӣ) — 30 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад.                                                              
Имтиҳонҳои даври сеюм рӯзи 20-уми сентябр баргузор шуда, натиҷаҳои он рӯзи 25-уми сентябр маълум мешаванд.
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои дохилшавӣ рӯзи 25-уми июл эълон шуда буд. Аз пагоҳ, 11-уми август тақсимоти такрории довталабон оғоз шуда, то 13-уми август идома мекунад. Тақсимоти такрорӣ дар доираи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён, пас аз тақсимоти асосӣ холӣ мондаанд ва ё аз ҳисоби донишҷӯёне, ки пас аз дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудаанд (то 5-уми август), гузаронида мешавад. 

Натиҷаи озмуни тақсимоти такрорӣ рӯзи 17-уми август маълум мешавад. Бо суроғаи нуқтаҳои сабтином дар тақсимоти такрорӣ, дар ин маводи мо шинос шавед: Тақсимоти такрории Маркази миллии тестӣ. Кай баргузор мешавад ва чиро донистан зарур аст?
Дар бораи шартҳо, тартиби сабтином ва иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ дар матлаби зерини мо маълумот пайдо карда метавонед: Сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз мешавад. Довталаб бояд чиро донад?

Бояд гуфт, ки нақшаи қабул дар донишгоҳу донишкадаҳо дар соли равон 74 510 кас аст, ки ин нисбат ба соли гузашта 10 154 ҷой  бештар аст. Аз шумораи умумӣ 13 276 ҷой буҷетӣ (ройгон) буда, 61 234 ҷойи дигар пулакӣ мебошанд. Пас аз тақсимоти аввал, нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳо 67% иҷро шудааст.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий