< Марги беш аз 20 кас дар пайи ғарқшавӣ дар Суғд дар шаш моҳ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Марги беш аз 20 кас дар пайи ғарқшавӣ дар Суғд дар шаш моҳ

Марги беш аз 20 кас дар пайи ғарқшавӣ дар Суғд дар шаш моҳ
Дар шаш моҳи соли равон 21 сокини вилояти Суғд дар пайи ғарқшавӣ дар кулу дарёҳои вилоят ҷони худро аз даст додаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7  ҳолат бештар аст.
Дар ин бора Фурқат Шарифзода, сардори Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд рӯзи 5-уми август зимни нишасти матбутӣ иттилоъ дод.
                                                                    
Номбурда гуфт, ки ҳамчунин, дар ин давра дар пайи 6 ҳодисаи табиӣ, 1 ноболиғи 14-сола, сокини шаҳри Панҷакент ҷон дода, зарари расида аз офатҳои табиӣ 6 миллиону 316 ҳазор сомониро ташкил додааст.                                                               Ин дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2025 дар вилоят дар пайи 5 ҳодисаи фавқуллада 4 кас ба ҳалокат расида, маблағи зарар 847 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Дар ним сол 5 ҳодисаи фавқулода дар шаҳри Панҷакент ва як ҳодисаи дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Акси марбут аз ҳукумати ноҳияи Айнӣ


Аз ҷумла, дар пайи сели харобиовар, ки 11-уми июл дар деҳаи Рашнаи Пойни шаҳри Панҷакент фаромад, беш аз 70 хона зери обу лой монда, ба 2 пул, 1300 метр роҳ зарар расида, шаҷми хисорот 4 млн сомониро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли равондар рӯдхонаву кӯлҳои Тоҷикистон 83 кас ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додаанд, ки  назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8 нафар кам аст.

Ҳамчунин, дар ин давра дар пайи офатҳои табииӣ 12 кас ҷон бохта, ба иқтисодиёти кишвар 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Аз ҷумла, дар пайи омадани селҳо, 233 хона, наздики 200 ҳазор километр роҳҳо ва 2 млн гектар замини кишоварзӣ зарар дида, ба бахши кишоварзии кишвар 11 млн 737 ҳазор сомонӣ хисорот ворид шудааст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий