< Дар Суғд таҳхонаи баландошёнаҳоро ҳамчун паноҳгоҳ истифода мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Суғд таҳхонаи баландошёнаҳоро ҳамчун паноҳгоҳ истифода мекунанд

Дар Суғд таҳхонаи баландошёнаҳоро ҳамчун паноҳгоҳ истифода мекунанд
Мақомоти наҷотдиҳӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаро дар вазъиятҳои изтирорӣ ҳамчун паноҳгоҳ истифода мекунанд, бинобарин, ширкатҳои сохтмонӣ набояд онро фурӯшанд.

Фурқат Шодизода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар ин вилоят рӯзи 5-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, дигар ба ширкатҳои бинокоре, ки таҳхонаи баландошёнаҳоро ба шаҳрвандон ҳамчун таваққуфгоҳ мефурӯшанд, иҷозаи сохтмон намедиҳанд.
                                    “                                          
Ӯ афзуд, ки дар хулосаи додаашон ба бинокорон ин нуктаро дарҷ мекунанд, ки “таҳхонаро ба шаҳрвандон нафурӯшанд ва онро барои паноҳгоҳҳо монанд”.
                                            
Соҳибони бархе биноҳои баландошёнаи вилояти Суғд, бахусус, шаҳри Хуҷанд таҳхонаҳои худро ба шаҳрвандон фурӯхтаанд ва дар таблиғоти манзилфурӯшӣ ҳам эълони фурӯши таҳхонаҳо зиёд ба назар мерасад.

Ин изҳороти масъули КҲФ Суғд дар ҳолест, ки чанд вақти охир пулсиси Душанбе ҳам аз тахриби бархе дӯкону марказҳои хидматрасоние оғоз кард, ки дар таҳхонаҳои биноҳои баландошёна сохта шудаат. Ин ниҳод мегӯяд, сохтмони дӯкон ва ё дигар марказҳои хидматрасонӣ дар таҳхонаҳо манъ буда, минбаъд низ саниҷши худро дар ин самт идома медиҳад.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий