< Муассисаю корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ба фасли зимистон омодагӣ мегиранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муассисаю корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ба фасли зимистон омодагӣ мегиранд

Муассисаю корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ба фасли зимистон омодагӣ мегиранд
Масъулини соҳа муваззаф гардидаанд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳама бандҳои ин нақшаро таъмин намоянд. Ҳамчунин Ситоди фаврӣ таҳти сарварии муовини аввали Вазири нақлиёт барои ҳамоҳангсозӣ ва назорати раванди тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таъсис дода шудааст. Дар айни замон дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат қариб се ҳазор корхонаи шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла 2579 субъекти хоҷагии нақлиёти автомобилӣ, 241 хоҷагии роҳ ва 137 корхонаи роҳи оҳан фаъолият мекунанд. То 1 январи соли равон 800 ҳазору 926 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. 94,6 фоизи борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд.

28 марти соли равон дар ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баррасӣ гардид.

 Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки нақшаи тадбирҳоро тасдиқ намуда, барои омодасозии мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони оянда Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис диҳад. Пешвои миллат ҳамчунин мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки то 20-уми ҳар моҳ дар бораи омодасозии иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон ба мавсими сармо ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод намоянд.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий