< Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд

Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
​Ҳашари экологии «Тозагии маҳал» дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист ва тозагии шаҳраку маҳаллаҳо гузаронида шуд. Дар ҷараёни ҳашар кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фаъоли Клуби волонтёрони экологии назди Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, раёсати ҷавонон, тандурустӣ ва аҳли ҷамоат иштирок намуда, ҳудуди маҳалларо аз партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ тоза намуданд.

Барои сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо дастури Раиси шаҳри Душанбе ҳар ҳафта дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт чунин тадбирҳои экологӣ гузаронида мешаванд, ки ба таъмини беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ равона гардидаанд.

Дар шаҳри Душанбе раванди корҳои ободонию созандагӣ ва солимгардонии муҳит зист ҷараёни тоза гирифта, шаҳрвандон бо ифтихор аз сокини пойтахт будан дар ободонию зебоии шаҳр ҳисса мегузоранд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий