< Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд

Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
​Бозёфтҳои мазкур дорои аҳамияти баланди илмӣ ва таърихӣ буда, дар айни замон мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти илмии мутахассисон қарор гирифтаанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ пас аз анҷоми омӯзиш дар шакли ҳисоботи илмӣ ва таҳлилӣ пешниҳод мегарданд.

Бозёфтҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён дар натиҷаи гузаронидани корҳои муайянсозӣ, шиносоӣ, омӯзиш ва таҳқиқи вазъи ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию бостонии мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик ва Восеъ, инчунин ҷамъоварии маълумоти саҳеҳ оид ба вазъи ёдгориҳои таърихию бостонӣ ва таҳияи маводи таҳлилӣ ба даст оварда шуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий