«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 31 июл ҷаласаи якуми Комиссияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Иброз гардид, ки ин озмун бо мақсади баланд бардоштани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳуқуқ ба саломатӣ, ҷалби ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ доир мегардад.
Озмун аз рӯи чор номинатсия- «Беҳтарин эссе», «Беҳтарин видеосюжет», «Беҳтарин акс» ва «Беҳтарин расм» баргузор шуда, дар он кӯдакон ва наврасони то 14-сола ва нафарони аз 14-сола боло иштирок карда метавонанд.
Тибқи Низомнома, ба озмун корҳои эҷодӣ ба забони русӣ ва тоҷикӣ қабул карда мешаванд. Ҳар иштирокчӣ метавонад то 2 асар дар ҳар номинатсия пешниҳод намояд. Беҳтарин корҳои эҷодӣ ба марҳилаи байналмилалии озмун ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод карда мешаванд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)