< Аз селу тарма то заминларзаву раъду барқ. Ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи табиӣ афзудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз селу тарма то заминларзаву раъду барқ. Ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи табиӣ афзудааст

Аз селу тарма то заминларзаву раъду барқ. Ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи табиӣ афзудааст
​Дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 123 сел, 508 фаромадани тарма, 27 сангрезӣ, 26 заминларза, 27 шамоли сахт, 10 ярч, 11 бориши шадиди борон, 4 болоравии сатҳи об, 4 бориши зиёди барф ва 1 раъду барқ ба вуқуъ омадааст.

Гуфта шуд, ик аз шумораи умумии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар 28 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 нафар ба ҳалокат расида, воҳидҳои наҷотдиҳии кумита 47 шаҳрвандро наҷот доданд. 


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий