< ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?

ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Ҳарорат дар ноҳияҳои водигӣ аз 41 то 46 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ аз 33 то 38 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 39 то 41 дараҷаро ташкил медиҳад.

Тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад, инчунин ҳарорати баланд ба кадом қишрҳои осебпазири аҳолӣ бештар таъсир мерасонад? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, дар ин рӯзҳои гарми тобистон ҳар шахс бояд саломатии худ ва наздиконашро эҳтиёт намояд, чунки инсон ҳамчун объекти биологӣ шароити муайяни фаъолияти организми худро дорад. Ҳарорати ҳаво низ нишондоди муҳими физикӣ мебошад, ки ҳангоми муайян кардани ин нишондиҳанда организми инсон метавонад ба таври дуруст фаъолият кунад. Мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд барои қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсони дорои бемориҳои музмин таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Ҳарорати баланди ҳаво сабаби хушкии бадан ва офтобзадагӣ шуда, ҳолати беморони бемориҳои дилу рагҳои хунгардро низ бадтар мекунад.

Барои пешгирӣ аз таъсири ҳавои баланд ба саломатии инсонҳо пайваста тавсияҳо пешниҳод мегарданд. Агар одамон дар ин рӯзҳо бесабаб аз хона набароянд, нӯшидани оби на сарду на гарм, ба тариқи ҳавополонҳо ҳуҷраҳои хона ва кориро дар як ҳарорат нигоҳ доранд, аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин, қаҳва ва спиртӣ худдорӣ намоянд, ин ва дигар тавсияҳоро амалӣ намоянд, бемор намешаванд.

Ҳамчунин рӯзона зери гармои Офтоб анҷом додани корҳои ҷисмонӣ тавсия дода намешавад. Дар рӯзҳои гармои шадид пӯшидани либоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташуда зарур аст. Ҳангоми ба кӯча баромадан кулоҳи калон ва айнаки офтобӣ низ бояд истифода шавад.

Ба таъкиди мутахассисон, ҳарорати баланд боиси афзудани бемориҳои дарунравӣ дар байни кӯдакон ва наврасон мегардад, зеро дар натиҷаи гармии баланд кӯдакон баъзан обу нӯшокиҳои на ҳама вақт ҷӯшонида, инчунин меваҳо ва сабзавоти гуногунро, ки на ҳама вақт тоза шуста мешаванд, истеъмол мекунанд.

Ҳарорати баланд барои гирифторони бемории диабети қанд мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд мегардад ва дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад.

Бояд зикр кард, ки бештари гирифторони бемории диабети қанд ба дигар бемориҳои музмин низ гирифторанд, ба мисли фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемикии дил, норасоии музмини дил ва гурдаҳо. Аз ин рӯ ҳамаи ин бемориҳо ба якдигар таъсир намуда, хуруҷи яке аз онҳо метавонад боиси авҷгирии бемориҳои дигар шавад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки инсон давоми як шабонарӯз бояд на камтар аз 1,5-2 литр об нӯшад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки истифодаи бештари об низ ба организм зарар дорад. Пас обро кадом вақт нӯшидан беҳтар аст?

Ба тавсияи мутахассисон, вақте инсон аз хоб бедор мешавад, бояд як истакон об бинӯшад — ин ба «оғоз» кардани кори тамоми узвҳои дарунӣ кумак мекунад. Ҳамеша 30 дақиқа пеш аз хӯрок 1 истакон об бинӯшед. Ин ба суръатбахшии мубодилаи моддаҳо ва беҳтар кардани кори узвҳои ҳозима мусоидат мекунад. Инчунин нӯшидани як истакон об пеш аз хоб ба шумо имкон медиҳад, ки на танҳо хоби беҳтар равед, балки бори дилро коҳиш диҳед.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий