< Дар беш аз 150 чархофалаки боғҳои фароғатии Душанбе нуқсонҳои техникӣ ошкор шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар беш аз 150 чархофалаки боғҳои фароғатии Душанбе нуқсонҳои техникӣ ошкор шудааст

Дар беш аз 150 чархофалаки боғҳои фароғатии Душанбе нуқсонҳои техникӣ ошкор шудааст
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ, масъулин дар беш аз 150 таҷҳизоти бозӣ (аттраксион) ва чархофалакҳои боғҳои фароғатии шаҳри Душанбе камбудиҳои фаннӣ (техникӣ), аз ҷумла, фарсудашавии камарбандҳои бехатарӣ, каҷшавии баъзе қисмҳои роҳрав, қисман мавҷуд набудани панҷараҳои муҳофизатӣ ва лавҳаҳои иттилоотии риояи қоидаҳои бехатариро ошкор кардаанд.

Ардашер Мирзозода, муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин камбудиҳо дар пайи як санҷиши мутахассисони ин ниҳод, ки дар асоси дастури шаҳрдори Душанбе аз 12 то 18 март гузаронида шуд, муайян шудаанд.

Хабаргузории «Ховар» номи маконҳоеро, ки мавриди санҷиш қарор гирифтаанд, чунин навиштааст: «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», «Боғи Хайём», «Боғи ҳайвонот», «Боғи нишон» ва «Боғи ба номи Мироненко», ҶДММ «Восеъ-2005», ҶДММ Маҷмааи фароғатии «Нур».

Ба қавли Мирзозода, бархе соҳибмулкон ҳуҷҷатҳои фаннии таҷҳизоти бозиҳои фароғатиро пешниҳод накарда, аз муоинаи фаннии пеш аз мавсим нагузаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ҳодисаи нохуше ёдрас шуд, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ рух додааст ва дар пайи он як шаҳрванди Русия захмӣ шудааст. Вале муовини аввали раиси хадамот нагуфт, ки дар умум дар таҷҳизоти бозии боғҳои фароғатӣ дар 6 моҳ чанд ҳодисаи нохуш рух додааст. Ӯ танҳо афзуд, ки дар пайи ҳодисаи нохуш дар яке аз боғҳои пойтахт, фаъолияти таҷҳизоти бозиро то ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошда, манъ кардаанд.

Хабаргузории «Ховар» навишт, ки мутахассисони хадамот сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои нохушро «ба нагузаронидани муоинаи пурраи техникӣ, мавҷуд будани нуқсонҳои техникӣ, мутобиқ набудани воситаҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла тасмаҳо ва қулфҳои бехатарӣ, истифодаи аттраксионҳо бидуни бақайдгирии давлатӣ, ҳамчунин, нокифоя будани тахассуси ҳайати хидматрасон марбут донистанд».
Ба гуфтаи Мирзозода, масъулини ниҳоди мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Бӯстон дар робита ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳои истеҳсолӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар дастгоҳҳои бозӣ ва чархофалакҳо дар боғҳо, ҳамчунин, бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ, машварат баргузор кардаанд.

Тибқи иттилои «Ховар», дар Тоҷикистон 289 таҷҳизоти бозӣ сабт шудааст, ки аз ин шумора 162 адади он дар шаҳри Душанбе қарор доштаанд.

Ёдрас мешавем, ки бегоҳии 1-уми июн дар пайи канда шудани «батут» дар канори «Баҳри тоҷик» дар шаҳри Гулистон як кӯдаки 10-сола ҷон бохта, 5 тифли дигар маҷрӯҳ ва дар бемористон бистарӣ шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) сабаби ҳодисаро ба шамоли сахт рабт дода буд. Ҳамзамон Додситонии шаҳри Гулистон ба таҳқиқи ин ҳодиса оғоз кард, вале натиҷаи ин таҳқиқ то кунун маълум нест.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий