Пас аз боронгариву раъду барқ дар Тоҷикистон то +46°C гарм мешавад
Рӯзҳои 12-13 июл дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои ноустувор ба мушоҳида расид. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ, доманакӯҳ ва водиҳо бо шумули шаҳри Душанбе борон боридаву раъду барқ шуд, баъзан жола ҳам борид ва шамоли сахт вазид. Дар давраи авҷи тобистон чунин вазъи боду ҳаво ғайримаъмулӣ аст.
Дар Агентии обуҳавошиносӣ шарҳ доданд, ки моҳи июл маъмулан аз ҳама гарму хушк шуморида мешавад, бахусус барои ноҳияҳои дар водиҳо воқеъбуда. Танҳо ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ва қисми шарқии ВМКБ истисност.
Бо вуҷуди ин, ҳатто дар ин давра ҳангоми мавҷуд будани намнокии кофӣ ва афзоиши ноустувории атмосфера метавонанд абрҳои ғафси тӯда-тӯда ташаккул ёбанд. Гармшавии шадиди сатҳи Замин боиси пайдоиши ҷараёнҳои пурқуввати болоравандаи ҳаво мешавад, ки дар сурати мавҷуд будани намӣ метавонанд ба боронҳои шадиди маҳаллӣ, раъду барқ, жола ва шиддат гирифтани тундбодии шамол оварда расонанд.
Чунин равандҳо одатан хусусияти маҳаллӣ дошта, босуръат инкишоф меёбанд ва ҳудудҳои нисбатан хурдро фаро мегиранд. Маҳз ба ҳамин сабаб дар як ноҳия метавонад борони шадид бо жола борида, дар ноҳияи ҳамсоя ҳатто як қатра борон ҳам наборад.
Ба наздикӣ боз то +46°СПас аз давраи кӯтоҳмуҳлати боронгариҳо аз 16 то 20 июл дар ҷумҳурӣ боз ҳавои хушк ва хеле гарм дар назар аст.
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзона ҳарорати ҳадди ниҳоӣ метавонад тариқи зайл аст:
дар ноҳияҳои дар водиҳо воқеъбуда — +41…+46°C;
дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ — +33…+38°C;
дар ноҳияи Дарвози ВМКБ — +39…+41°C.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои камабр ва минбаъд болоравии ҳарорат дар назар аст. Рӯзҳои ҷудогона ҳароат метавонад то +41…+43°C гармӣ боло равад.

Акс аз бойгонии asia+
Дар Агентии обуҳавошиносӣ зикр мекунанд, ки чунин ҳавои гарм ба сурати умум ба хусусиятҳои иқлимии моҳи июл мувофиқ аст. Лекин ҳарорати +45°C ва болотар аз он аллакай нишондиҳандаи хатарнок аст ва андешидани тадбирҳои эҳтиёткоронаро талаб мекунад.
Гармӣ аз куҷо меояд?Ба гуфтаи мутахассисон, гармои ғайримуқаррарӣ зери таъсири яквақтаи чанд раванди атмосферӣ ташаккул меёбад. Воридшавии миқдорҳои ҳавои хеле гарм ва хушки тропикӣ аз самтҳои ҷануб ва ҷанубу ғарб нақши асосӣ мебозад.
Вобаста ба вазъ, ин миқдорҳои ҳаво метавонанд аз минтақаҳои Эрон, Ироқ ва Афғонистон ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто аз нимҷазираи Арабистон ворид шаванд. Ба Осиёи Марказӣ онҳо тавассути Афғонистон ё Туркманистону Ӯзбекистон ворид мешаванд.
Дар роҳ ҳаво аз болои биёбону нимбиёбонҳои сахт тафсида мегузаранд, ки дар он ҷо боз ҳам бештар гарму хушктар мешаванд. Маҳз бо ҳамин сабаб гармои ғайримуқаррарӣ на танҳо натиҷаи интиқоли ҳавои тропикӣ, балки натиҷаи минбаъд гарм шудани он дар болои сатҳи тафсидаи замин низ мебошад.
Ғайр аз ин, гармиро омилҳои зерин боз ҳам шадидтар мекунанд:
воридшавии ҳавои хушки тропикӣ аз ҷануб ва ҷанубу ғарб;
ташаккули фишори тобистонаи термикӣ дар қабати наздисатҳии атмосфера;
таъсири антисиклонҳои гарми баландқабат;
ҷараёнҳои поёнравандаи ҳаво;
осмони соф ё камабр;
гармшавии шадиди сатҳи Замин аз таъсири нури офтоб;
гармшавии иловагии ҳаво ҳангоми гузаштан аз болои минтақаҳои биёбон ва нимбиёбон.
Одатан чунин давраҳо аз се то шаш рӯз давом мекунанд. Аммо дар сурати устувор будани гардиши атмосфера ҳарорати баланд метавонад барои муддати хеле дарозтар нигоҳ дошта шавад.

Акс аз бойгонии asia+
Мавҷҳои гармӣ чистанд?Яке аз хусусиятҳои хоси тобистони Тоҷикистон мавҷҳои ба истилоҳ гармӣ мебошанд. Онҳо метавонанд боиси тағйирёбии назарраси ҳарорат аз меъёри иқлимӣ шаванд ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ба сабти рекордҳои нави ҳарорат оварда расонанд.
Аз нуқтаи назари иқлимшиносӣ, мавҷи гармӣ даврае ба ҳисоб меравад, ки на камтар аз се рӯз идома карда, дар ҷараёни он ҳарорати ҳаво аз нишондиҳандаҳои миёнаи бисёрсолаи хоси ҳамин фасли сол ба таври назаррас баландтар мешавад.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки як рӯзи хеле гарм ҳанӯз мавҷи гармӣ ба ҳисоб намеравад. Ҳангоми муайян кардани он давомнокии давраи гармӣ, дараҷаи тағйири ҳарорат аз меъёри иқлимӣ, хусусиятҳои ҳудуди мушаххас ва ҳатто ҳарорати шабона ба назар гирифта мешаванд.
Оё чунин ҳолат қаблан ҳам рух дода буд?Бале. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, солҳои 1940-ум яке аз давраҳои гармтарин барои ноҳияҳои ғарбии дар водӣ воқеъбудаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд. Хусусан соли 1944 фарқ мекард, ки ҳарорати ниҳоӣ дар қисми зиёди водиҳо ба +38…+43°C мерасид, дар ҷануб ва ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ бошад, то +43…+48°C боло мерафт.
Ба гуфтаи мутахассисон, чунин гармои шадидро дар он давра шабакаи нисбатан камтар рушдёфтаи обёрӣ низ тақвият медод.
«Заминҳои обёришаванда ва обанборҳо метавонанд аз ҳисоби бухоршавӣ ва зиёд шудани намии ҳаво гармиро то андозае сабуктар кунанд», — менависанд мутахассисони ниҳод.
Дар робита ба гармои оянда Агентии обуҳавошиносии кишвар бори дигар ба сокинон зарурати худдорӣ аз муддати дароз зери нурҳои мустақими офтоб мондан, риояи реҷаи нӯшидани об, маҳдуд кардани фаъолияти ҷисмонӣ дар гармтарин соатҳои рӯз ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба кӯдакон, пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои музминро хотиррасон мекунад.
Мааълумоти бештар доир ба рафтор дар ҳавои гармои тоқатфарсо, ҳифзи солимӣ ва чораҳои эҳтиётӣ дар ин маводи мо қобили дарёфт аст.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)