< Вазорати маориф: Ҷамъоварии пул ва фурӯши иҷбории либос дар мактаб манъ аст! » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазорати маориф: Ҷамъоварии пул ва фурӯши иҷбории либос дар мактаб манъ аст!

Вазорати маориф: Ҷамъоварии пул ва фурӯши иҷбории либос дар мактаб манъ аст!
Дар нишасти Вазорати маориф ва илм, ки рӯзи 10-уми июл баргузор шуд, бори дигар аз хонандагон ҷамъ кардани пул ва фурӯши либос дар мактабҳо баҳс шуд. Ин бор ҳам дар ин ниҳод гуфтанд, ки ҷамъоварии пул аз донишомӯзон ва фурӯши либос дар мактабҳо қатъиян манъ аст. Аммо шикояти волидони хонандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм гуфт, дар сурати ба таври ғайриқонунӣ ҷамъ кардани маблағ дар мактабҳо, сокинон ба ин вазорат муроҷиат кунанд ва «гурӯҳи кории ин ниҳод ҳатман рафта инро (мавриди ҷамъоварии маблағро-аз идора) месанҷад».

«Мо ҳамаи маълумоте, ки тавассути ВАО нашр мешавад, баррасӣ мекунем. Рӯзҳои шанбе баъзе одамон меоянд, хаттӣ муроҷиат мекунанд. Гурӯҳи корӣ таъсис медиҳем, рафта ҳолатро мебинанд. Ба раёсату шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо дастур медиҳем, то ҳар як ҳолатро таҳлил карда, ба мо маълумот пешниҳод кунанд», — гуфт Саидзода.
Ӯ гуфт, ҳар шикояте, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад «худам назорат мекунам», вале «бисёр маълумоте, ки мешаванд, умумианд».

«Лекин нафаре, ки муроҷиат мекунад, ному насабаш нест. Ҳарчанд мо директорони мактабро даъват мекунем, вақте аз онҳо мепурсем, мегӯянд, ки ин хел ҳолат дар мо нест. Хоҳиш мекунам, нафаре, ки муроҷиат мекунад, исботашро биёрад, дақиқ бошад, мо ҳатман чораҷӯӣ мекунем», — гуфт ӯ.

Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ҳам бо ишора ба Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва низомномаи намунавии мактабҳо гуфт, «ҷамъоварии маблағ (аз донишомӯзон) куллан манъ аст».

Ба қавли муовини вазир, танҳо барои корҳои хайру эҳсонкорӣ аз ҷониби Кумитаи падару модарон ҷамъоварии маблағ (бидуни маҷбурӣ) иҷоза аст.

«Падару модарон ҷамъ шуда, хоҳанд ҳоҷатхона созанд, ё синфхонаро таъмир кунанд, ки ба ин танҳо Кумитаи падару модарон ҳуқуқ дорад. Вале ҷамъоварии маблағ куллан манъ аст, омӯзгор ё роҳбари муассиса ҳуқуқи маблағҷамъкуниро надоранд», — изҳор дошт Каримзода.
Ӯ эътироф кард, ки шикоятҳо аз ҷамъоварии пул дар макотиб ҳастанд ва дар мавридҳои мушаххас онҳо алайҳи нафарони ба ин кор дастзада чораандешӣ кардаву ҳатто аз кор озод кардаанд. Аммо дақиқ нагуфт, ки чӣ миқдор шикоят ворид шудаву ба чанди он расидагӣ шудааст ва чанд нафар муҷозот шудаанд.

Равшан Каримзода asia+


Бояд гуфт, вазири маориф пештар низ гуфта буд, ки ҷамъ кардани пул дар мактабҳо манъ аст, аммо ҳоло ҳам дар шаабакаҳои иҷтимоӣ сокинон аз ҷамъоварии пул бо ҳар баҳона ва талаби пули моҳонаву таъмир шикоят мекунанд.

Баҳси фурӯши либос дар мактабҳоДар нишасти матбуотӣ инчунин фурӯши либос дар мактабҳо инз баҳс шуд. Рӯзноманигорон таваҷҷуҳи масъулини вазоратро бори дигар ба фурӯши иҷбории либоси мактабӣ дар макотиб кашиданд.

Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф гуфт, ки хариду фурӯши либоси мактабӣ ба воситаи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, Вазорати саноат ва «Тоҷикматлубот» амалӣ мешавад.

«Ягон роҳбари синф ё мудири мактаб ҳуқуқи дар ҳудуди мактаб ба фурӯш мондани либоси мактабиро надорад», — гуфт Музаффарзода.
Ӯ илова кард, ки Вазорати маориф чанд бор ба раёсатҳо ва шӯъбаҳои маориф мактуби расмӣ фиристода, талаб кардааст, ки аз ин кор пешгирӣ шавад.

Пештар низ дар ин ниҳод гуфта буданд, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад мустақилона ва бе дахолати шахсони сеюм аз дилхоҳ фурӯшгоҳ либос харад.

Бояд гуфт, ҷамъоварии пул ва фурӯши иҷбории либосӣ мактабӣ ҳар сол доғ мешавад ва теъдоде аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки мудирони мактаб онҳоро ба харидани либоси мактабӣ аз ширкатҳои махсус маҷбур мекунанд. Онҳо бештар аз нархи гарону сифати пасти ин либосҳо нигаронӣ доранд.

Ҳамин тавр, Вазорати маориф ва илм ҳам ҳар сол аз манъи ҷамъоварии пул ва фурӯши иҷбории либос дар макотиб хабар медиҳад.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий