ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Тибқи иттилои манбаъ, аз 15 то 18 июл дар ноҳияҳои водигӣ аз 41 то 46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ аз 33 то 38 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 39 то 41 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Инчунин бо сабаби баландшавии ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам намоянд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ намуд.
Табибон дар чунин рӯзҳо ба сокинони мамлакат тавсия медиҳанд, ки бояд либоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташуда пӯшанд. Модарон бояд ҳангоми дарунравӣ ва сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ба кӯдакон об ва нӯшокиҳои зиёд нӯшонанд. Зеро дар ҳолати беморӣ, ҳангоми қайкунӣ ё дарунравӣ кӯдакон оби баданашонро зиёд талаф медиҳанд, ки ин метавонад боиси камобшавии организм гардад.
Давоми чанд соли охир бо тағйирёбии иқлим мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд барои саломатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки дорои бемориҳои музмин мебошанд, таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Аз ин рӯ аз таъсири бевоситаи гармии Офтоб худро дур нигоҳ доред, дар хона вақти худро бештар дар ҳуҷраи салқин гузаронед. Агар шахс дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис кунад, бояд ҳарчи зудтар ба корманди тиббии маҳали зист ё ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)