Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
Дар ин марказҳо аз рӯйи кадом касбҳои муосир мутахассис омода карда мешавад? Барномаҳои таълимии ин марказҳо то куҷо ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат мутобиқ карда шудаанд ва талабот ба кадом касбҳо зиёдтар аст?
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода 13 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суолҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки «дар ҷумҳурӣ дар айни замон 52 маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир фаъолият дошта, дар онҳо шаҳрвандон аз рӯйи касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат омода намудани шаҳрвандон тибқи талаботи бозори меҳнат, рушди касбомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ мебошад».
Солеҳа Холмаҳмадзода ҳамзамон иброз дошт, ки «бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарогирии ҳарчи бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ тадбирҳо андешида шуда, барои таъсиси чунин марказҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳо пеш бурда идома мешаванд».
Шаш маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Бохтар ва ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидаанд, фаъолияти самаранок доранд. Дар ин марказҳо шаҳрвандон тавассути роҳхат аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбҳои гуногун ҷалб карда мешаванд.
Иброз гардид, ки номгӯйи касбҳои таълимдодашаванда дар асоси таҳлили талаботи бозори меҳнат муайян карда мешавад. Бо ин мақсад Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат пайваста вазъи бозори меҳнатро таҳлил намуда, касбҳои серталабро муайян мекунад.
«Дар натиҷаи таҳлилҳо рӯйхати 51 касби мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат таҳия гардид. Дар айни замон дар марказҳои касбомӯзӣ беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешавад»,–афзуд Солеҳа Холмаҳмадзода.
Ба иттилои вазир, талаботи бештар ба мутахассисон дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ, энергетика, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, геология ва бахши хизматрасонӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар марказҳои касбомӯзӣ ба шаҳрвандон касбҳои роҳбалад, таъмиргари асбобҳои рӯзгор, пешхизмат, маъмури меҳмонхона, тарабхона, кафшергари газию барқӣ, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, заргар, ошпаз, қаннод, андовачӣ, челонгари таҷҳизоти санитарию техникӣ ва мутахассис оид ба истифода ва хизматрасонии лифт омӯзонида мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳ 61 ҳазору 125 шаҳрванд ба омӯзиши касбҳо фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора танҳо дар шаш маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ 12 ҳазору 222 нафар соҳиби касб гардида, соҳиби сертификати дорои стандарти байналмилалӣ шуданд.
Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуд, ки татбиқи чунин тадбирҳо дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) вобаста ба рушди шуғл, касбомӯзӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ пешниҳод гардидаанд, амалӣ карда мешавад. Тибқи ин дастурҳо, дар панҷ соли оянда дар мамлакат бояд беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шавад. Дар ин раванд рушди соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)