8 мансабдор қонуни танзимро нақз кардаанд. Онҳо киҳо ҳастанд?
Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии қонуншиканиҳо дар ин давра 8 ҳолат аз ҷониби шахсони мансабдор содир шудааст.
Муовини раиси Кумитаи дин аз ҷумла гуфт, ки 1 корманди ҳифзи ҳуқуқ, 3 хидматчии давлатӣ ва 4 роҳбари муассисаву ташкилот талаботи қонуни танзимро нақз кардаанд.
Олимзода дар мавриди вазифаҳои дақиқи мансабдорон танҳо мансаби якеро зикр кард, ки сармеъмори ҳукумати шаҳри Кӯлоб будааст.

Фаррухулло Олимзода, asia+
Ба гуфтаи ӯ, нисбати мансабдорон дар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ «чораандешӣ» шудаанд. Ин банди қонун дар бораи қонуншикании танзим буда, дар асоси он ба шахсони мансабдор ба андозаи 550 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (42 ҳазору 900 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки соли 2025 алайҳи 9 мансабдор барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» парванда боз шуда буд. Он вақт ҳам ҳамаи онҳо мансабдорони сатҳи маҳаллӣ буда, дар байнашон мақомдорони баландпоя, мисли раису вазир нестанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 бо қабули тағйиру иловаҳо ҷазо барои нақзи Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим» боз ҳам сангинтар гардид. Тибқи он барои риоя накардани талаботи ин қонун, аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар) ҷарима таъин мешавад.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)